Дар Душанбе намоишгоҳи миллии Чин муаррифӣ гардид

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои бузург ва вазорати тиҷорати Чин намоишгоҳи миллии ин кишвар муаррифӣ гардид. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Одил Сангов мегӯяд, ки ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳо дар минтақа буда, он бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, ки […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои бузург ва вазорати тиҷорати Чин намоишгоҳи миллии ин кишвар муаррифӣ гардид.




Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Одил Сангов мегӯяд, ки ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳо дар минтақа буда, он бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, ки

 

зимни боздид аз Чин баргузории онро пешниҳод карда буд, сурат мегирад.



Намояндаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Гунт Шуан Си изҳор дошт, ки соли гузашта муомилоти мол миёни кишварҳо ба 520 млн. доллар расидааст ва «мо боварӣ дорем, ки соли равон он ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт».



Сарвари ширкати роҳсозии кишвари ҳамҷавор Чен Шан Чен иттилоъ дод, ки корҳои таъмиру таҷдиди марҳилаи аввали лоиҳаи роҳи мошингарди «Душанбе-Қарамиқ» ахири моҳи август ба итмом мерасанд.



О.Сангов зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ бо иштироки соҳибкорони ҳар ду кишвар як қатор ҳамоишҳои тиҷоратӣ баргузор хоҳанд шуд.



Директори намоишгоҳ Люи Тсзин Юан зикр кард, ки дар намоишгоҳ 70 ширкатҳои бузурги Чин таҷҳизоти техникӣ ва механикии тракторҳо, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, телекоммуникатсионӣ, роҳсозиву сохтмон, маишиву техникаи рақамӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он, мошинаҳои кишоварзӣ ва маҳсулоти саноати сабук ва маводи ғизоиро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.