Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо хатсайрҳои доимӣ автобусҳо равуо хоҳанд кард

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки шояд дар муддатҳои наздик миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри доимии ҳаракати автобусҳо кушода шавад. Ба қавли ӯ, чанде қабл аз Ӯзбекистон лоиҳаи созишнома дар бораи ташкил намудани алоқаи доимии байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ба вазорат расидааст, ки «муддати […]

Виктория Наумова


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки шояд дар муддатҳои наздик миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри доимии ҳаракати автобусҳо кушода шавад.




Ба қавли ӯ, чанде қабл аз Ӯзбекистон лоиҳаи созишнома дар бораи ташкил намудани алоқаи доимии байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ба вазорат расидааст, ки «муддати 15 сол дар он ҷо хобида буд».



«Рӯзҳои наздик лоиҳа маъқул шуморида шуда ба Ӯзбекистон фиристода мешавад, – гуфт вазир. – Пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур беш аз 30 хатсайрҳои доимии равуои автобусҳо миёни кишварҳо боз карда хоҳанд шуд».



А.Ашӯр афзуд, ки айни замон ба ғайр аз алоқаи нақлиётии транзитӣ дигар навъи хатсайрҳои алоқаи нақлиётӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон вуҷуд надоранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.