Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон: 75 дарсади саҳмияҳои «Роғун» мутааллиқи Русия нест

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки айни замон корҳои сохтмониро дар нерӯгоҳи обию барқии (НОБ) «Роғун» танҳо Тоҷикистон ба иҷро мерасонад ва иттилооти қаблии расонаҳои хабарии Русияро бобати минбаъд ба Русия тааллуқ доштани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳ рад […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки айни замон корҳои сохтмониро дар нерӯгоҳи обию барқии (НОБ) «Роғун» танҳо Тоҷикистон ба иҷро мерасонад ва иттилооти қаблии расонаҳои хабарии Русияро бобати минбаъд ба Русия тааллуқ доштани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳ рад намуд.




«Ду моҳ қабл президенти Тоҷикистон ба майдони сохтмони нерӯгоҳ омада изҳор дошта буд, ки корҳои сохтмонии идомаи бунёди онро Тоҷикистон мустақилона ба иҷро хоҳад расонд ва ҷиҳати фаъолияти пурсамар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» таъсис дода шудааст, – гуфт ӯ. – Сарвари давлат ҳамчунин ташкил намудани консорсиюми байнулмилалиро бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ имконпазир арзёбӣ кард».



Ёдовар мешавем, ки баҳори соли равон Тоҷикистон расман Русияро даъват кард, ки дар Консорсиюми байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад. Охири моҳи май Оқил Оқилов, сарвазири ҶТ, ба унвонии ҳукумати Русия, бо ин мазмун мактуб ирсол кард, вале «дар мактуб ҷузъиёт ва шартҳои ширкати Русия дар консорсиюм нишон дода нашуда буд».

 

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории


РБК-daily


Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС»эълом доштааст, ки танҳо дар сурати соҳибияти аксари саҳмияҳои назоратии сохтмон ҳозир аст, дар сохтмон нерӯгоҳ ширкат варзад, вагарна он барои онҳо фоидаовар нахоҳад буд. Хабаргузорӣ ҳамчунин менависад, ки намояндагони ширкати русӣ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мустақилона аз ӯҳдаи бунёди нерӯгоҳ намебарояд.



Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон оид ба оғози идомаи сохтмони нерӯгоҳ қарор қабул намуда, аз буҷаи кишвар ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар навбати аввал 50 млн. доллари амрикоӣ ихтисос дод ва эълом дошт, ки ин маблағ соли 2009 ба 150 млн. доллари амрикоӣ хоҳад расид. Бар замми ин, мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғози сол аз сокинони Душанбе дархост намуд, ки маоши якмоҳаашонро ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронанд.



Аз рӯи лоиҳа, иқтидори НОБ-и «Роғун» 3,6 ҳазор МВт, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он беш аз 14 млрд. кВт/соат аст ва арзиши умумии он $3,4 млрд. мебошад.



Тибқи лоиҳа, навбати аввали нерӯгоҳ бояд дар муддати 4-4,5 сол ба истифода дода шавад, ки васли ду агрегати он бо иқтидори 800 МВт имкон медиҳад дар як сол то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардад.



Бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буд, вале ба иллати муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, соли 1990 сохтмони он қатъ шуд.



Соли 2004 зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон перомуни ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳ мувофиқа ҳосил гардида буд. Ширкати «Русский алюминий» бунёди навбати аввали нерӯгоҳро ба ӯҳда гирифт. Аммо «РУСАЛ» ва ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили мушаххасоти техники нерӯгоҳ ба мувофиқае омада натавонистанд ва Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки минбаъд аз ҳамкорӣ бо ширкати Русия даст мекашад. Моҳи августи соли 2007 ҳукумати ҶТ ба таври якҷониба қарордодро бо ширкати «Русский алюминий» бекор кард ва барои идомаи бунёди нерӯгоҳ Консорсиюми байнулмилалӣ таъсис дод.



Моҳи марти соли 2008 Виктор Ющенко, президенти Украина, изҳор дошт, ки Украина низ манфиатдор аст, дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гузорад. Ҳамзамон Қазоқистон низ хостори иштирок дар сохтмони нерӯгоҳ аст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, айни замон дар нерӯгоҳ 40 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, 800 млн. доллари амрикоӣ маблағҳо азхуд карда щудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.