Рӯзҳои наздик дар Душанбе меҳмонхонаи «Hyatt Regency» мавриди истифода қарор мегирад

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе меҳмонхонаи Hyatt Regency» мавриди истифода қарор мегирад. Ӯ мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қариб 100 дарсади коргарони сохтмони иншоотро ташкил медиҳанд. «Айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи 5,1 млрд. […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе меҳмонхонаи Hyatt




Regency» мавриди истифода қарор мегирад. Ӯ мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қариб 100 дарсади коргарони сохтмони иншоотро ташкил медиҳанд.




«Айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи 5,1 млрд. доллар 52 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад, ки дар бунёди онҳо аксаран мутахассиосну коргарони тоҷик саҳм мегиранд, – идома дод ӯ. – Барои намуна, дар сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» 70 дарсади коргарон шаҳрвандони кишвари мо ҳастанд».



Ёдрас мекунем, ки меҳмонхонаи мазкур дар соҳили кӯли Комсомол ҷойгир шуда, маблағи бунёди он 100 млн. долларро ташкил медиҳад ва дар он тамоми шароити истироҳату фароғат мувофиқи талаботи меъёри байнулмилалӣ муҳайё гардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.