Дар нимсолаи аввал беш аз 158 ҳазор нафар сокинони Суғд қаламрави вилоятро тарк карданд

Хуҷанд. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввал беш аз 158 ҳазор нафар сокинони Суғд қаламрави вилоятро тарк карданд. Аз Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аксари қаламрави вилоятро тарккардагон барои кор ба хориҷи кишвар ба сафар баромаданд, вале миёни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввал беш аз 158 ҳазор нафар сокинони Суғд қаламрави вилоятро тарк карданд.




Аз Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аксари қаламрави вилоятро тарккардагон барои кор ба хориҷи кишвар ба сафар баромаданд, вале миёни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки ба таҳсил ё иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба давлатҳои дигар рафтаанд.



«Дар байни ба хориҷа рафтагон 130 ҳазор нафарашон мардон ва беш аз 20 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд, – идома дод манбаъ. – Зимни таҳлили равандҳои муҳоҷират ҳамчунин ошкор гашт, ки аз шумораи умумӣ беш аз 10 ҳазор нафари онҳо афроди ноболиғ ҳастанд».



Тибқи маълумоти кумитаи омори вилояти Суғд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар минтақа 148,30 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 38,9 дарсад афзудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.