Дар Тоҷикистон ба баргузории санҷиши фаъолияти бахши соҳибкории хурду миёна мораторий эълон шуд

Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006 дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёна манъ карда шуданд. Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадаф аз фармони мазкур дастгирии рушди минбаъдаи соҳибкории […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006 дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёна манъ карда шуданд.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадаф аз фармони мазкур дастгирии рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон аст.



Ба иттилои манбаъ, мораторий ба муддати ду сол эълон гардидааст.



Дар ҳамин ҳол, мувофиқи фармон, мораторий нисбат ба санҷишҳое, ки мувофиқи қонунгузорӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ гузаронида мешаванд, татбиқ намегардад.

 




«Ба мақомоти санҷишии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд, – изҳор дошт манбаъ. – Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати се моҳ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба нишондодҳои фармони мазкур мутобиқ гардонида, лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро мувофиқи фармон таҳия созад ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.