Э.Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии СҲШ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода ш

            Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай(СҲШ)-ро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат байни сарвари давлат оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва масоили […]

root


            Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай(СҲШ)-ро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.




Зимни сӯҳбат байни сарвари давлат оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва масоили рӯзномаи он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.



Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт зоҳир гашт.



Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии

 

СҲШ оид ба мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шавад.



Ба андешаи ӯ баҳри пурзӯр намудани амнияти минтақавӣ СҲШ бояд Афғонистонро ҳарчи бештар ба ҳамкорӣ даъват намуда, ба ӯ кӯмакҳои бевоситаи суроғавӣ расонад.



Сарвари давлати Тоҷикистон таъсиси ҳарчи зудтари Хазинаи рушд ва Клуби энергетикии СҲШ-ро дар баробари Иттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои соҳибкории ин созмон, ки аллакай хуб фаъолият доранд, вазифаи бағоят муҳим арзёбӣ намуд.



Табодули судманди афкор ҳамчунин атрофи густариш додани ҳамкориҳои минтақавии нақлиётӣ ва истифодаи пурсамари захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва робитаҳои СҲШ бо дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.