Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба Дилшод Назаров боварӣ намуд

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд. Президент гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки баъди ду рӯз баҳри иштирок дар Бозиҳои 29-уми Олимпӣ ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекунанд, ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат иштирок дар   Бозиҳои […]

Далери Ғуфрон


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.




Президент гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки баъди ду рӯз баҳри иштирок дар Бозиҳои 29-уми Олимпӣ ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекунанд, ба ҳузур пазируфт.



Сарвари давлат иштирок дар

 

Бозиҳои 29-уми Олимпиро шарафи бузург ва дар айни замон масъулияти бузург низ маънидод карда, онҳоро ба нишон додани маҳорату матонати баланд баҳри ба даст овардани нишондодҳои пуршараф ба манфиати давлату миллати худ ҳидоят намуд ва изҳори боварӣ кард, ки варзишгарони тоҷик бо иродаи қавии худ шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳои бонуфузтарини олам ҳимоя намуда, Парчами Ватани азизи худро дар фазои шаҳри Пекин партавафшон мекунанд.



Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Олимпии шаҳри Пекин 14 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.



Ба андешаи худи варзишгарони мунтахаби тоҷик таваҷҷӯҳи доимӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба соҳаи варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва хусусан вохӯрии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва ифтихору сарфарозии онҳоро дучанд намуда, барояшон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти срвари давлат хабар доданд.



Дар ҳамин ҳол, дар ин мулоқот низ масъалаи мукофотпулии варзишгарон аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳал нагардид. Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон барои варзищгарон чунин мукофотпулӣ муайян кард: барои медали тилло – 10, медали нуқра – 5 ва медали биринҷӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорон хусусӣ низ автамашинаҳои навъи «


TOYOTA


» ва $10 ҳазор мукофотпулӣ ваъда карда шуд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.