Президент аз рафти татбиқи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди зерсохтори он қаноатманд нест

Date:


           Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.




Дар маҷлиси ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Сарвари давлат кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарии мактабҳои олии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъиншударо

 

ба кори бенуқсону содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.



Сипас ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии таҳкими системаи идоракунии давлатӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки айни ҳол дар соҳаи идоракунии давлатӣ, омор ва гумрук 4 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи 81 миллион сомонӣ (23,5 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ мегардад ва як лоиҳаи дигар бо маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ (295 ҳазор доллари амрикоӣ) ба анҷом расидааст.



Президент аз рафти татбиқи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, ки ақибмонии зиёд дорад, изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарону ҳамоҳангсозони марказҳои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо оид ба суръат бахшидани корҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод ва таъкид намуд, ки ҳар се моҳ аз рафти иҷрои лоиҳаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.



Ба як қатор санадҳои амалкунандаи қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, санадҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Украина, Ҳиндустон, Алҷазоир, Шоҳигарии Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шуданд.



Мутобиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 аз 1-уми августи соли 2008 дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии

 

Норак, Турсунзода, Данғара, Сарбанд, Спитамен, Рашт, Шаҳринав ва Варзоб ба Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони се дараҷаи Ордени Шараф, Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ, ҷанговарони интернатсионалист, зарардидагони садамаи Чернобил, маъюбони ҳарбӣ, кӯдакони маъюби то 16-сола, кӯдакони ятими дар муассисаҳои махсус тарбиятгиранда, кӯдакони то яксола, шаҳрвандони синни 80 ва болотар аз он, пирони

 

дар хона-интернатҳои пиронсолон қарордошта ва монанди инҳо бо як зумра кӯмакҳои тиббию санитарии ройгон таъмин карда мешаванд.



Лоиҳаи Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

  




Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҷлили ҷашни 1150-солагии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри фаровон захира намудани озуқаворӣ, маводи сӯхт аз қабили ангишт ва гази моеъ, барқароркунии шабакаи гармидиҳӣ ба биноҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт ва ҳамчунин ба вусъат додани корҳо дар бунёди нақбҳои мошингарди Шаҳристону Шаршар ва Чормағзак, роҳҳои мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, Қурғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи поён, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

 

ва ғайра ҷалб намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...