Дар Душанбе беш аз 13 кило ҷавоҳироти бидуни сабт воридгашта мусодира гардид

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар натиҷаи баргузории амлиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ чанде қабл кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе ду ҳодисаи ғайриқонунӣ ворид сохтан ва фурӯши ҷавоҳиротро ошкор сохтанд. Аз агентиии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз сокини пойтахт Хадича Мухторова 12,5 кило тилловорӣ дарёфт […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар натиҷаи баргузории амлиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ чанде қабл кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе ду ҳодисаи ғайриқонунӣ ворид сохтан ва фурӯши ҷавоҳиротро ошкор сохтанд.




Аз агентиии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз сокини пойтахт Хадича Мухторова 12,5 кило тилловорӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки маблағи он ҳудуди 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тилловорӣ ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуда, бидуни иҷозатнома ва нишонаҳои махсус фурӯхта мешуданд.



«Сокини дигари шаҳри Душанбе бо содир намудани чунин қонунвайронкуниҳо 227 номгӯи маҳсулоти тилловориро ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст», – афзуд манбаъ.



Нисбат ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.