Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ширкат варзида, бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот анҷом хоҳад дод

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои Олипии Пекин ӯ бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот доир хоҳад намуд, ки дар онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба […]

Виктория Наумова


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои Олипии Пекин ӯ бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот доир хоҳад намуд, ки дар онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлати Тоҷикистон дар таърихи 7-уми август озими Чин хоҳад шуд. Қобили ёдоварист, ки зимни боздиди расмии вазири корҳои хориҷии ЧинЯн Тсзечи аз Тоҷикистон номбурда пас аз мулоқот бо президенти ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки «мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ бесаброна интизорем».



Зикр гардид, ки дар Пекин Э.Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтао ва намояндагони як қатор ширкатҳои чиноӣ, аз ҷумла ширкати истихроҷи маъданҳои кӯҳии


Ziling




Mining


, ки 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро соҳиб аст, мулоқот хоҳад орост.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.