Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба давраи нимниҳоии Ҷоми даъвати Осиё роҳ ёфт

Date:


Душанбе. 04-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии саввуми гурӯҳии Ҷоми даъвати Осиё бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Дар сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё хабар дода мешавад, ки се тӯбро ба дарвозаи ҳарифон Юсуф Рабиев ва як тӯби дигарро Давронҷон Тӯхтасунов ворид сохтаанд.




Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз се бозӣ панҷ хол ба даст оварда, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҷои аввал дар ин гурӯҳ бо 7 хол насиби соҳибони майдон – футболбозони Ҳиндустон гардид, ки дар вохӯрии саввум бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд. Ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар бозии нимниҳоӣ дар вохӯрии Дастаҳои Мянма ва Кореяи Шимолӣ муайян мешавад.



Қобили зикр аст, ки айни замон Юсуф Рабиев бо 7 тӯби задаи худ, пешсафи нишонзанҳои беҳтарини ин мусобиқот аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...