Роҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия ба Душанбе омад

Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз роҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия Алексей Бортников ҷиҳати боздиди корӣ ба Душанбе омад. Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар нимаи аввали рӯз мулоқоти А.Бортников бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкории муштараки хадамоти […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз роҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия Алексей Бортников ҷиҳати боздиди корӣ ба Душанбе омад.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар нимаи аввали рӯз мулоқоти А.Бортников бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.



Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкории муштараки хадамоти амниятии кишварҳо дар мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Ҳамчунин вохӯрии А,Бортников бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддини Абдураҳимов ба нақша гирифта шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова