Дар Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид

Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид.




Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад.



Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.



Ёдрас мекунем, ки музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.