Дар хона-интернати кӯдакони ноқисулақли Хуҷанд таъмири асосӣ дар арафаи анҷомёбист

           Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –   Дар хона-интернати кӯдакони ноқисулақли шаҳри Хуҷанд таъмири асосӣ дар арафаи анҷомёбист. Сармутахассиси раёсати шӯъбаи малорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки барои таъмири интернат 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки тайи даҳсолаҳо ин муассиса чунин таъмирро надида буд. Корҳои таъмирро Ҷамъияти […]

Бахтиёр Валиев



          



Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Дар хона-интернати кӯдакони ноқисулақли шаҳри Хуҷанд таъмири асосӣ дар арафаи анҷомёбист.




Сармутахассиси раёсати шӯъбаи малорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки барои таъмири интернат 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки тайи даҳсолаҳо ин муассиса чунин таъмирро надида буд. Корҳои таъмирро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон ба иҷро мерасонад ва анҷоми корҳо то 20-уми августи соли равон ба нақша гирифта шудааст.



«Дар ҳамин ҳол, 15-уми август мувофиқи роҳхати пизишкон қабули хонандагон ба синфи якум шурӯъ мегардад, ки дар ду синф 10 нафарӣ таҳсил хоҳанд кард., – гуфт ӯ. – Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 230 нафар мувофиқи барномаи таълимии махсус таҳсил мекунанд».



Мавсуф афзуд, ки аз ин миқдор 120 нафар ҳамеша дар хона-интернат зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Хуҷанд мебошанд. «Дар муассисаи таълимӣ 75 нафар муаллимону мураббиён фаъолият доранд», – гуфт дар анҷом С.Раҳматов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.