Дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон ҷашн гирифта мешавад

Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Сардори шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Шарипов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба ин муносибат шоми имрӯз дар маркази ҷавонони «Ориёно» кумита бо иштироки беш аз 60 нафар собиқадорони варзиши ҷумҳурӣ маҷлиси […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад.




Сардори шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Шарипов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба ин муносибат шоми имрӯз дар маркази ҷавонони «Ориёно» кумита бо иштироки беш аз 60 нафар собиқадорони варзиши ҷумҳурӣ маҷлиси бошукӯҳ баргузор менамояд.



Ба гуфтаи ӯ, собиқадорони соҳаи варзишро муовини раиси кумита Кабирҷон Ҷураев табрик намуда, сипас барномаи фарҳангӣ доир мегардад.



Ёдрас мекунем, ки ҷашни Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи август таҷлил карда мешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.