Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо ҳафт муассисаи табобати бемориҳои рӯҳии Тоҷикистонро бо генераторҳои нерӯи барқ таъмин кард

Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кӯмаки фаврӣ ба аҳолии аз сармо ҷабрдида тавассути таъмини беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ бо генераторҳои нерӯи барқ ва сӯзишворӣ ба он» ҳафт муассисаи табобати бемориҳои рӯҳии Тоҷикистон бо генераторҳои нерӯи барқи 40 кВт ва қисмҳои эҳтиётӣ барои 3 ҳазор соати корӣ таъмин карда шуданд. Аз Департаменти […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кӯмаки фаврӣ ба аҳолии аз сармо ҷабрдида тавассути таъмини беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ бо генераторҳои нерӯи барқ ва сӯзишворӣ ба он» ҳафт муассисаи табобати бемориҳои рӯҳии Тоҷикистон бо генераторҳои нерӯи барқи 40 кВт ва қисмҳои эҳтиётӣ барои 3 ҳазор соати корӣ таъмин карда шуданд.




Аз Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо (ЕСНО) ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки генераторҳо ба муассисаҳои тиббии муолиҷаи касалиҳои рӯҳии шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Исфара, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ дода шуданд.



Ба иттилои манбаъ, муассисаҳои тиббии муолиҷаи касалиҳои рӯҳӣ моҳи июни соли ҷорӣ 35 ҳазор сӯзишвории дизелӣ (ба ҳар муассиса тақрибан 5 ҳазор литр) ва зарфҳои нигаҳдории онро гирифтанд ва акнун имкон доранд, ки ба давраи зимистон омодагии хуб гиранду кори мунтазами генераторҳоро таъмин созанд.




           

Зикр гардид, ки тамоми хароҷоти насби таҷҳизот ва ба ҳолати корӣ омода сохтани генераторҳо аз ҳисоби татбиқи лоиҳа аст.




           

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо аз ҷониби Ҷамъияти Салиби Сурхи Нидерланд ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.