Дар Душанбе масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди баррасӣ қарор мегирад

Date:


Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар Душанбе конфронс таҳти унвони «Чораҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва татбиқи стратегияи иттилоотии Комиссияи миллӣ» доир мегардад, ки дар он масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.




Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар конфронс намояндагони мақомоти марбутаи соҳаи пахтакорӣ оид ба мушкилоти соҳа, чораҳои андешида бобати пардохти қарз ва таъмини иттилоотии ислоҳоти соҳаи пахтакорӣ табодули назар хоҳанд кард.



Конфронсро Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Канада оид ба рушди байнулмилалӣ созмон медиҳад.



Ёдрас мекунем, ки қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар соли 2007 409 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ба механизми нави сармоягузорӣ гузаштанд, яъне қарздиҳӣ бевосита тавассути бонкҳо сурат гирифт. Дар ҷумҳурӣ 34 ноҳияи пахтакор мавҷуд аст, ки 19-тои он дар вилояти Хатлон, 10-то дар вилояти Суғд ва 5-тои он дар ноҳияи тобеи марказ ҷойгир шудаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...