Деҳқонони Қубодиён дар Кӯлоб маҳсулоти худро бо нархи арзон мефурӯшанд

Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар ду маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Кӯлоб намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Қубодиён шурӯъ шуд. Раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Қубодиён Қосим Ҷебов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кишоварзони ноҳия ба шаҳри Кӯлоб беш аз 70 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 40 сар чорвои майда оварданд. Ба […]

Турко Дикаев


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар ду маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Кӯлоб намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Қубодиён шурӯъ шуд.




Раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Қубодиён Қосим Ҷебов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кишоварзони ноҳия ба шаҳри Кӯлоб беш аз 70 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 40 сар чорвои майда оварданд.



Ба гуфтаи ӯ, маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ва хоҳишнамудаи сокинони маҳаллаҳо фурӯхта мешавад. «Пас аз огоҳӣ бо нархҳои бозорҳои шаҳр мо нархи маҳсулоти худро 60 фоиз арзонтар кардем», – гуфт К.Ҷебов. Барои намуна, агар дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб арзиши як кило сабзӣ се сомонӣ муқаррар шуда бошад, дар намоишгоҳ онро бо арзиши 1 сомонӣ харидан мумкин буд. Тарбуз ҳам бо чунин нарх фурӯхта мешуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.