Дар Душанбе масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди баррасӣ қарор мегирад

Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар Душанбе конфронс таҳти унвони «Чораҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва татбиқи стратегияи иттилоотии Комиссияи миллӣ» доир мегардад, ки дар он масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар конфронс намояндагони мақомоти […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар Душанбе конфронс таҳти унвони «Чораҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва татбиқи стратегияи иттилоотии Комиссияи миллӣ» доир мегардад, ки дар он масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.




Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар конфронс намояндагони мақомоти марбутаи соҳаи пахтакорӣ оид ба мушкилоти соҳа, чораҳои андешида бобати пардохти қарз ва таъмини иттилоотии ислоҳоти соҳаи пахтакорӣ табодули назар хоҳанд кард.



Конфронсро Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Канада оид ба рушди байнулмилалӣ созмон медиҳад.



Ёдрас мекунем, ки қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар соли 2007 409 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ба механизми нави сармоягузорӣ гузаштанд, яъне қарздиҳӣ бевосита тавассути бонкҳо сурат гирифт. Дар ҷумҳурӣ 34 ноҳияи пахтакор мавҷуд аст, ки 19-тои он дар вилояти Хатлон, 10-то дар вилояти Суғд ва 5-тои он дар ноҳияи тобеи марказ ҷойгир шудаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.