Дар Маскав ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад

Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 15-уми август дар шаҳри Маскав ҷаласаи 9-уми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад, ки дар он вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 15-уми август дар шаҳри Маскав ҷаласаи 9-уми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад, ки дар он вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




Сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон дар Маскав гурӯҳи корӣ қарор дорад, ки масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро омода месозад.



Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа бо иштироки раисони комиссия – муовини аввали сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра муҳокима хоҳанд гардид.



Сомонаи расмии вазорати рушди иқтисод ва савдои Русия иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа протокол ба имзо хоҳад расид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.