Дар як қатор ноҳияҳои Хатлон чиниши дастии пахта шурӯъ шуд

Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар як қатор ноҳияҳои Хатлон чиниши дастии пахта шурӯъ шуд. Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон ҳарорат хеле гарм омад ва дар ноҳияҳое, ки замини кишти пунбадона ба таври бояду шояд обёрӣ гардид, кӯракҳо 10-15 рӯз пештар ба шукуфтан даромаданд, вале одатан […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар як қатор ноҳияҳои Хатлон чиниши дастии пахта шурӯъ шуд.




Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон ҳарорат хеле гарм омад ва дар ноҳияҳое, ки замини кишти пунбадона ба таври бояду шояд обёрӣ гардид, кӯракҳо 10-15 рӯз пештар ба шукуфтан даромаданд, вале одатан дар ин минтақа ҷамъоварии ҳосил пас аз 20-уми август шурӯъ мегардид.



Тибқи маълумоти вазорат, аз майдони умумии 242 ҳазору


439 гектар

заминҳои кишти пунбадона дар майдони 232 ҳазору

836 гектар

ба шукуфтан даромадани кӯракҳои ниҳоли пунбадона ба чашм мерасанд. «Дар 6 ҳазору

286 гектар

кӯракҳо дар ҳоли шукуфтан қарор доранд», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 254 ҳазору

279 гектар

кишти пунбадона гузаронида шуда, ба миқдори 419 ҳазору 597 тонна ё худ 76,3 фоизи нақшаи пешбинишуда ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.