Корманди бонки пойтахт ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фонди махсус боз карданист

Date:


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи дар ноҳияи Сино будаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» Муллоёр Ёров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фондии махсус боз карданист.




Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи мазкури бонк аллакай ба номи дзюдочии тоҷик Расул Боқиев суратҳисоби бонкӣ кушода шудааст ва рӯзҳои наздик масъалаи боз намудани фонди махсус низ ҳал мегардад.



«Пардохти аввалини ман ба ин суратҳисоб 300 сомонӣ аст ва ман мутмаинам, ки мардуми тоҷик маро дастгирӣ намуда, хизмати шоистаи Р.Боқиевро қадр хоҳад кард», – гуфт вай.



Мавсуф ҳамчунин баён дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бобати омода сохтану ба Пекин фиристодани 15 нафар варзишгар кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, аз ӯҳдаи он бо сарбаландӣ баромадааст ва медали Расул Боқиев самараи ҳамин кӯшишу заҳматҳост.



Корманди бонк ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳамаи хоҳишмандон дар дохилу хориҷи кишвар имкон доранд ба суратҳисоби варзишгар маблағ гузаронанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...