Швейтсария ба Тоҷикистон шаш беморхонаи сайёр медиҳад

Date:


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари ҳамоҳангсози барнома оид ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ Имомбердӣ Бердов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки имрӯз аз ҷониби Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «


WAW


» ба Тоҷикистон шаш беморхонаи сайёр дода мешавад.




Бино ба иттилои манбаъ, қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария то соли 2010 бо лавозимоту таҷҳизоти нави тиббӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, аз ин рӯ қарор шудааст, беморхонаҳои сайёрро, ки дар шароити гуногун метавон онро истифода намуд, ба Тоҷикистон дода шавад.



Арзиши як беморхонаи сайёр 72,3 ҳазор франки швейтсариро ($66 ҳазор) ташкил дода, маблағи умумии кӯмаки гуманитарӣ ба 400 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст. Беморхонаҳои сайёр дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва водии Рашт ҷойгир карда мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...