Дар Тоҷикистон аъзои шабакаи трансмиллии қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуданд

Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе 8 нафар аъзои шабакаи траснмиллии қочоқи маводи мухаддирро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон гунаҳкор дониста мешаванд, ба мӯҳлатҳои дарозмуддати маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Чуноне ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиаи додгоҳии пурсарусадо […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе 8 нафар аъзои шабакаи траснмиллии қочоқи маводи мухаддирро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон гунаҳкор дониста мешаванд, ба мӯҳлатҳои дарозмуддати маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.




Чуноне ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиаи додгоҳии пурсарусадо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба интиқоли ғайриқонунии 400 кило маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Ӯзбекистон даст доранд, дирӯз ба анҷом расид.



Додгоҳи гарнизони шаҳри Душанбе роҳбари гурӯҳ полковники мустаъфӣ Анвар Шоимардоновро ба муддати 19 сол, сардори қисми низомии марзбонии 2720-и дар ноҳияи Шаҳритӯс қарордошта Файзулло Ҳакимовро ба муддати 18 сол, ронанда Абдуҷаббор Маҳмадаминов, хизматчии ҳарбӣ Амриддин Қирғизов, аъзои гурӯҳ Парвиз Тошевро ба муддати 15,5 сол ва аъзои дигари гурӯҳ Зокирҷон Тӯраев, Исматулло Ортиқов ва Иззатулло Аллаевро ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Барои ҳамаи маҳкумшудагон адои ҷазо дар зиндони низоми шадид ва мусодираи молу мулк муқаррар шуд.



Тибқи маълумоти маводи парвандаи ҷиноӣ, аъзои гурӯҳ аз афроди ношиноси афғон маводи мухаддир дастрасӣ намуда, дар шаҳри Турсунзода мехостанд онро ба шаҳрвандони Ӯзбекситон фурӯшанд. Гуфтушуниди ҷинояткорон моҳи ноябри соли 2007 сурат гирифта, онҳо моҳи январи соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.