Ӯзбекистон интиқоли газро ба Тоҷикистон афзун намуд

Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қисман пардохтани қарзи мавҷуда аз ҷониби Тоҷикистон Ӯзбекистон интиқоли газро ба ҷумҳурӣ афзун намуд. Муовини аввали раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки якчанд рӯз аст, ки аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 35 ҳазор метри мукааб (ҳудуди 840 ҳазор метри мукааб […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қисман пардохтани қарзи мавҷуда аз ҷониби Тоҷикистон Ӯзбекистон интиқоли газро ба ҷумҳурӣ афзун намуд.




Муовини аввали раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки якчанд рӯз аст, ки аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 35 ҳазор метри мукааб (ҳудуди 840 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз) газ интиқол дода мешавад.



Мавсуф зикр кард, ки афзоиши ҳаҷми интиқоли газ имкон дод, ки фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиказот» барқарор карда шавад. Айни замон Корхонаи алюминии Тоҷикистон «Талко» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» дар ҳаҷми пурра бо газ таъмин мебошанд.



«Феълан мо боз ҳам афзун намудани ҳаҷми интиқоли газро аз Ӯзбекистон хоҳиш нахоҳем кард, зеро ҳаҷми мавҷуда кофист», – гуфт ӯ ва афзуд, ки аҳолӣ низ бо газ таъмин аст, вале танҳо онҳое, ки қарзи истифодаи онро пардохт намудаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.