Ба Кӯлоб тавассути роҳи оҳан ворид кардани бор нисбат ба содироти он 34 маротиба зиёдтар аст

Кӯлоб. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Кӯлоб аз оғози сол тавассути роҳи оҳан беш аз 1 тонна бор ба хориҷ бароварда шудааст. Сардори истгоҳи қатора Комил Ҳалимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳарчанд ин иншондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ду баробар зиёд бошад ҳам, «он қадр хурсандибахш нест». «Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Кӯлоб аз оғози сол тавассути роҳи оҳан беш аз 1 тонна бор ба хориҷ бароварда шудааст. Сардори истгоҳи қатора Комил Ҳалимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳарчанд ин иншондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ду баробар зиёд бошад ҳам, «он қадр хурсандибахш нест».




«Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза 4 тонна бор ба хориҷ бароварда мешавад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки асосан бо ин кор муассисаи «Кӯлобтекстайлз» машғул аст.



Мавсуф зикр кард, ки ворид сохтани бор ба андозаи 60 фоиз иҷро гардида, дар ин давра ба ҷои 21,5 тонна қариб 35 ҳазор тонна бор ворид карда шуд, ки асосан аз орд, маводи сӯзишворӣ ва ангишт иборат аст.



Қ.Ҳалимов қайд кард, ки бо пайдо шудани имкони бо шиносномаҳои дохилӣ тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишыар сафар намудан, шумораи мусофирони қатораи хатсайри «Кӯлоб-Маскав» коҳиш ёфтааст. «Дар 7 моҳи соли 2008 ҳамагӣ 3 ҳазор нафар бо ин қатора ба хориҷи кишвар рафтанд ва ин дар ҳолест, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта ба 8 ҳазор нафар баробар буд», – гуфт мусоҳиб дар анҷом.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.