Дар ноҳияҳои Синои пойтахт ва Рӯдакӣ сохтмони мактабҳои нав оғоз гардид

Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияҳои Синои пойтахт ва Рӯдакӣ сохтмони мактабҳои нав оғоз гардид. Аз Маркази идоракунии доиҳаҳои соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мактабҳо дар доираи татбиқи Лоиҳаи бурси Фонди каталитикӣ бунёд гардида, ҳар кадоме барои таҳсили 300 нафар толибилмон пешбинӣ шудаанд. Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияҳои Синои пойтахт ва Рӯдакӣ сохтмони мактабҳои нав оғоз гардид. Аз Маркази идоракунии доиҳаҳои соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мактабҳо дар доираи татбиқи Лоиҳаи бурси Фонди каталитикӣ бунёд гардида, ҳар кадоме барои таҳсили 300 нафар толибилмон пешбинӣ шудаанд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Сино бунёди муассисаи таълимиро ширкати сохтмонии «Монолит-05» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ яке аз сохторҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Душанбестрой» ба ӯҳда гирифтаанд. Анҷоми сохтмони иншоот соли нави хониши 2009-2010 ба нақша гирифта шудааст.



Айни замон дар доираи татбиқи Лоиҳаи бурси Фонди каталитикӣ таҷдид ва сохтмони 12 иншооти соҳаи маориф дар шаҳрҳои Душанбеву Истаравшан ва ноҳияҳои, Рӯдакӣ, Дарвоз, Ванҷ, Панҷакент, Ҳисор, Шаҳринав, Мастчоҳ ва Ғончӣ идома доранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.