ҶСК «Росселхозбанк» дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ карданист

Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Росселхозбанк» дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ карданист. Оҷонсии иттилооти «ПРАЙМ-ТАСС» хабар медиҳад, ки дар шӯрои назоратии бонк чунин тасмим гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии сандуқи қарзии ҶСК «Росселхозбанк» беш аз 360 млрд. рубл аст. Сармояи бонк 8 фоиз афзуда, 51,9 млрд. рублро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Росселхозбанк» дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ карданист.




Оҷонсии иттилооти «ПРАЙМ-ТАСС» хабар медиҳад, ки дар шӯрои назоратии бонк чунин тасмим гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии сандуқи қарзии ҶСК «Росселхозбанк» беш аз 360 млрд. рубл аст. Сармояи бонк 8 фоиз афзуда, 51,9 млрд. рублро ташкил медиҳад.



Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи октябри соли 2007 «Банк ВТБ» ба онҳо дар бораи кушодани намояндагӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ҳамчунин бонкҳои Покистон, Чин, Қазоқистон, Олмон ва афроди ҷудогонаи Швейтсария низ ҷиҳати ифтитоҳи воҳидҳои сохторӣ дар Тоҷикистон аз бонк дархост кардаанд.



Соли 2008 БМТ барои фаъолият дар Тоҷикистон ба ҶСК «Казкоммертсбанк» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фононбанк» иҷозатнома додааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.