Дар арафаи ҷашни коркунони тиб дар Суғд як қатор иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор мегиранд

Хуҷанд. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бинои маркази эндокринологии вилоят ба истифода дода мешавад. Сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҷалил Тошматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур ба муносибати ҷашни Рӯзи коркунони тиб ба нақша гирифта шуда, бинои нав барои табобати 40 нафар беморон пешбинӣ гардидааст. «Хишти аввали […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бинои маркази эндокринологии вилоят ба истифода дода мешавад. Сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҷалил Тошматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур ба муносибати ҷашни Рӯзи коркунони тиб ба нақша гирифта шуда, бинои нав барои табобати 40 нафар беморон пешбинӣ гардидааст.




«Хишти аввали биноро моҳи апрели соли 2008 раиси вилоят Қоҳир Расулзода гузошта буд ва имрӯз он барои қабули беморон омода аст», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки барои сохтмони бино аз буҷаи вилоят беш аз 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.



Имрӯз бахшида ба ҷашн ҳамчунин дар шаҳри Чкаловск маркази ташхисиву муолиҷавӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад, ки дар он 30 нафар коркунони тиб бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.