Дар Сарбанд пас аз як соли ҷустуҷӯ дузди ноболиғ дастгир карда шуд

Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон пас аз як соли ҷустуҷӯ дузди ноболиғ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 6 Д.Х.-ро ба гумони даст доштан дар дуздӣ (моддаи 248 […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон пас аз як соли ҷустуҷӯ дузди ноболиғ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 6 Д.Х.-ро ба гумони даст доштан дар дуздӣ (моддаи 248 Кодекси ҷиноии ҶТ) датгир карданд.




Бино ба иттилои манбаъ, ҷиноят моҳи июли соли гузашта содир гардида, боздоштшуда аз хонаи ҳамсоя ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ молҳои қиматбаҳоро ғорат карда буд.



«Ӯ муддати беш аз як сол молҳои дуздидаро дар хонааш пинҳон кардааст ва зимни дастгир намудан онҳо чун далели шайъӣ мусодира карда шуданд», – афзуд сарчашма.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.