Имрӯз гурӯҳи рӯзноманигорони Эрон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» боздид хоҳад кард

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳайати рӯзноманигорони Эрон вориди Душанбе шуданд. Ба зудӣ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ҳамтоҳои тоҷикистонӣ мулоқот доир гардид. Гурӯҳи 25 нафараи рӯзноманигорон бо ташаббуси вазорати энергетикаи Эрон барои инъикос ва таҳияи хабар аз раванди корҳои умронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон озими ин кишвар шуданд. […]


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳайати рӯзноманигорони Эрон вориди Душанбе шуданд. Ба зудӣ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ҳамтоҳои тоҷикистонӣ мулоқот доир гардид.




Гурӯҳи 25 нафараи рӯзноманигорон бо ташаббуси вазорати энергетикаи Эрон


барои инъикос ва таҳияи хабар аз раванди корҳои умронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон озими ин кишвар шуданд.



Ба гуфтаи сухангӯи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ороста, сатҳи огоҳии рӯзноманигорони Эрон оид ба Тоҷикистон нокофӣ аст. «Рӯзноманигорони тоҷик на танҳо мунтазам аз муносиботи дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон гузоришҳо омода месозанд, балки нуқтаи назари онҳо нисбат ба Эрон бо ақидаи мо як ҳамбастагие дорад», – таъкид сохт А.Ороста. Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки қариб ҳамаи сокинони Тоҷикистон аз ифтитоҳи шабакаи телевизионии форсизабонон огаҳанд, вале зимни мулоқот дар Иттифоқи журналистон маълум гашт, ки чанде аз рӯзноманигорони эронӣ аз он огаҳии хуб надоранд.



Зимни сӯхбат рӯзноманигорони эронӣ ба масоили вазъи васоити ахбори умум ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.



Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз меҳмонон аз нақби «Истиқлол» боздид карда, имрӯз ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» озими ин мавзеъ хоҳанд шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.