Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қаллоби муддати як сол таҳти пайгарди қонунӣ қарордоштаро дастгир намуданд. Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл сокини 34-солаи шаҳри Душанбе Рухиддин Сафаров, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муддати як сол дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир карда шудааст.
«Оғози соли равон гумонбаршуда ба боварии мудири мағозаи масолеҳи сохтмон Ҷӯрабек Ёров даромада, аз ӯ ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ семент мегирад ва пас аз ин бедарак мешавад, – зикр кард ӯ. – Мудири мағоза ба ваъдаҳои қаллоб фирефта гашта, интизорӣ мекашад, ки пас аз як соат маблағи сементи фурӯхташударо мегирад, вале аз харидор ҳеҷ ному нишоне пайдо намешавад ва баъд аз 2 моҳ ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунад».
Нисбат ба аъмоли боздоштшуда тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.


