Ху Тсзинтао: Тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини амният ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт.




«Кишварҳои узви созмон дар бисёр ҳолатҳо, аз ҷумла масъалаҳои таҳкими истиқлолият, таъмини амният ва дигар масоили мубрами сатҳи миллӣ ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд ва ин моро водор месозад, ки баҳри муттаҳидии созмон кӯшиш ба харҷ диҳем», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, сарвари давлати Чин қайд кард, ки «вазъ дар ҷаҳон начандон ором аст». Аз ҷумла ӯ, баён дошт, ки «муносиботи байнулмилалӣ торафт печидатар мегарданд, таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ дар ҳоли афзоишанд ва дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ хараҷу мараҷ ва бесуботӣ ҳукмфармост».



«Ҳалли масоили минтақавии мо ба машварату маслиҳати кишварҳои ин минтақа вобаста аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ба туфайли рушду густариши амиқи ҳамкории минтақавӣ метавон мушкилоти мавҷударо осонтар паси сар кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...