Н.Назарбоев: Дар сурати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ муомилоти мол миёни кишварҳои СҲШ метавонад ба $70 млрд. баробар ш

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон суст ҷараён дорад.




Вай чунин баён дошт: «Табиист, ки ахиран дар фаъолияти СҲШ ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ мақоми муҳим касб мекунад, вале сарфи назар аз тасвиби як қатор санадҳо воқеият чандон қаноатбахш нест. Моро зарур аст, вазъи мавҷударо амиқ таҳлил намоем ва ҷиҳати вусъати назарраси ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоративу иқтисодӣ чораҳои муассир биандешем. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо ин мақсад бояд кори таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи Шӯрои кории созмон тезонида шавад.



Сарвари давлати Қазоқистон зикр кард, ташаккули Фонди рушди СҲШ имкон медиҳад, ки захираҳои молиявӣ ҷиҳати ҳамгииойии кишварҳо сафарбар карда шавад. Ба гуфтаи Н.Назарбоев, дар сурати ҳаамгиройии иқтисодии муваффақонаи кишварҳо дар минтақа, тибқи пешгӯиҳои ахири коршиносон, давлатҳои узви СҲШ дар соли 2020 то 30 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии глобалиро таъмин хоҳанд сохт ва дар солҳои наздик муомилоти мол миёни кишварҳо метавонад ба беш аз 70 млрд. доллари амрикоӣ баробар шавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...