Дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид

                  Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз 1-уми сентябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.             «Яке аз сабабҳои ба чунин иқдом даст задан камобии имсола мебошад, ки нисбат ба соли гузашта сатҳи воридшавии […]

Аваз Юлдошев



            




    



Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз 1-уми сентябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.





           

«Яке аз сабабҳои ба чунин иқдом даст задан камобии имсола мебошад, ки нисбат ба соли гузашта сатҳи воридшавии оби рӯдхонаҳо 15-20 фоиз коҳиш ёфтааст», – гуфт раиси ширкат.



Ба қавли Ш. Самиев, айни замон то сатҳи ниҳоӣ пур шудани об дар обанбори «Норак» боз


9 метру


40 сантиметр

боқӣ мондааст ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта

6 метру


17 сантиметр

камтар аст.



«Имрӯзҳо сатҳи воридшавии об ба обанбор 900 метри мукааб дар як сония аст, ки 860 метри мукааби он барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода бурда мешавад ва воридшавии об майлони коҳиш ёфтанро дорад», – таъкид сохт Ш.Самиев.



Мавсуф зикр кард, ки бо назардошти вазъи мавҷуда ва дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри захираи бештари об дар обанбори Норак ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ дар фасли зимистон ширкат қарор кардааст, аз 1-уми сентябр реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд.



«Аз 1-уми сентябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, ба истиснои пойтахт, маркази вилояту ноҳияҳо ва шаҳрҳои саноатӣ истифодаи нерӯи барқ шабона аз соати 22.30 то 3.30 дақиқа қатъ карда мешавад», – гуфт манбаъ.



Раиси ширкат ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон то ахири моҳи август қарзи ҷумҳуриро аз истифодаи нерӯи барқ ба Ӯзбекистон пурра пардохт намудааст. «Мо бо Туркманистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистон дар фасли зимистон тавофуқ ҳосил кардем ва Ӯзбекистон низ тибқи созишномаи байниҳукуматӣ фасли зимистон моро бо нерӯи барқ таъмин месозад, ки миқдори умумии нерӯи барқи воридшаванда аз ин кишварҳо дар фасли зимистон то 1,8 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.