Корхонаи «Пахтаи Кӯлоб» нархи коркарди ҳосили пунбадонаро тақрибан 50 доллари амрикоӣ арзон кард

Кӯлоб. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи пахтатозакунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пахтаи Кӯлоб» нархи коркарди ҳосили пунбадонаро ба андозаи 48,73 доллари амрикоӣ арзон намуд. Аз шӯъбаи муҳосибии корхона ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат раҳбарияти корхона ба хулоса омадааст, ки ба иллати рақобати шадид бо 11 корхонаи дигар агар чорае андешида нашавад, […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи пахтатозакунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пахтаи Кӯлоб» нархи коркарди ҳосили пунбадонаро ба андозаи 48,73 доллари амрикоӣ арзон намуд.




Аз шӯъбаи муҳосибии корхона ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат раҳбарияти корхона ба хулоса омадааст, ки ба иллати рақобати шадид бо 11 корхонаи дигар агар чорае андешида нашавад, шояд миқдори зарурии ашёи хом барои фаъолияти минбаъда ҷамъоварӣ карда нашавад. «Аз ин рӯ, қарор карда шуд, ки нархи коркарди он аз 198,73 то 150 доллари амрикоӣ арзон карда шавад», – изҳор дошт манбаъ.



Зикр гардид, ки агар рӯзи аввал ба корхона ҳамагӣ 6 тонна пахта супорида шуда бошад, пас баъди огоҳ шудан аз ин иқдом рӯзи дуввум аллакай 69 тоннаву 600 кило ҳосили пунбадона қабул гардид.



Ёдрас мекунем, ки кишоварзони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон соли равон ният доранд, аз майдони 41 ҳазору


350 гектар

на камтар аз 79 ҳазору 350 тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намоянд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.