Сафорати ИМА ба ТҒД ва ВАО-и Тоҷикистон ба маблағи наздик ба $95 ҳазор 13 бурс ҷудо намуд

Date:


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон маросими баимзорасӣ ва супурдани 13 бурс ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва васоити ахбори оммаи (ВАО) Тоҷикистон ба маблағи беш аз 94 ҳазор доллари ИМА доир гашт.




Намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ниша Кваст изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА минбаъд низ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши иҷтимоӣ ва дастгирии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт.



Бурсҳоро асосан ташкилотҳои ғайридавлатие соҳиб гаштанд, ки дар бахши бонкиву ҳуқуқшиносӣ ва

 

адлия фаъолият доранд. Миёни васоити ахбори омма ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба гирифтани бурс мушарраф гашт, ки бо ин маблағ ният дорад дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи иттилоотиву таҳлилӣ ифтитоҳ намояд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...