Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» аз наздик шинос шуд

Date:


Душанбе. 6-уми сентябр – Дирӯз, 5 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди нерӯгоҳ ва маҳалли насби агрегатҳо шинос шуд.




Оқил Оқилов дар ин ҷо бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат маҷлиси ситоди кориро гузаронд. Дар он масъалаҳои ба истифода додани агрегатҳои 3-юм ва 4-уми нерӯгоҳ баррасӣ шуданд. Мутобиқи нақша бояд агрегати 3-уми нерӯгоҳ моҳи октябр ва агрегати 4-уми он моҳи декабри соли ҷорӣ ё аввали соли 2009 ба истифода дода шаванд.



Маврид ба ёдоварист, ки нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» сохтмони муштараки Тоҷикистону Русия буда, аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат сохта мешавад. Айни ҳол 2 агрегати ин нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифта, бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...