Барномаи ДИПЕКО дар Тоҷикистон: амалисозии лоиҳаи панҷум оғоз мегардад

              Душанбе. 13-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – ФОКУС лоиҳаи панҷуми омодагӣ ба офатҳои табиии дар сатҳи ҷомеаро, ки тибқи қарордоди миёни Департаменти Коммиссияи Аврупо оид ба расондани кӯмаки башардӯстона ва Фонди Оғохон имзо шуда буд, амалӣ мекунад. Департаменти Коммиссияи Аврупо оид ба расондани кӯмаки башардӯстона ( ECHO ) ва Фонди Оғохони Британияи Кабир шартномаро оиди […]

root





             




Душанбе. 13-уми июн. ОИ «Азия-Плюс»



ФОКУС лоиҳаи панҷуми омодагӣ ба офатҳои табиии дар сатҳи ҷомеаро, ки тибқи қарордоди миёни Департаменти Коммиссияи Аврупо оид


ба расондани


кӯмаки башардӯстона ва Фонди Оғохон имзо шуда буд, амалӣ мекунад.



Департаменти Коммиссияи Аврупо оид


ба расондани


кӯмаки башардӯстона (


ECHO


) ва Фонди Оғохони Британияи Кабир шартномаро оиди амалӣ намудани барномаи панҷуми омодагӣ ба хавфу хатарро дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи ДИПЕКО имзо намуданд.



Барномаи мазкур таҳти унвони «Тайёр намудани ҷомеаи устувор нисбати ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон» аз тарафи ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар Тоҷикистон иҷро карда мешавад. Ин созишномаи панҷум байни ECHO ва Фонди Оғохони Британияи Кабир буда, ба пуштибонӣ аз стратегияе равона гардидааст, ки ба ҷамоатҳо ва муассисаҳои маҳаллӣ имкон медиҳад, ба офатҳои табиӣ беҳтар омода шаванд, ба онҳо сари вақт посух диҳанд ва оқибатҳои ин офатҳоро коҳиш диҳанд.



Тавассути фаъолиятҳои баланд бардоштани дониш оиди омодагирӣ ба офатҳои табиӣ ва гузарондани дарсҳои омӯзишӣ, барномаи мазкур қобилияти ҷомеаро дар бартараф намудани офатҳои табиӣ ва посух ба онро пурзӯр мегардонад. Ҳамин тавр, ин барнома устувории ҷомеаро нисбати офатҳои табиӣ баланд мекунад ва осебпазирии онро коҳиш медиҳад. Аз соли 2003 инҷониб, ФОКУС дар асоси ҳамкорӣ бо


ECHO


ва Фонди Оғохони Британияи Кабир корҳои назаррасеро дар масоили коҳиш додани хавфу хатар дар зиёда аз 250 деҳа гузаронда, фаъолиятҳои баланд бардоштани қобилияти муассисаҳое, ки ба идора кардани офатҳои табиӣ сару кор доранд, амалӣ намуд.




Эзоҳ



:



Фокус Кӯмаки Башардӯстона ташкилоти байналмилалӣ оид ба идоракунии фалокатҳо ва посух ба ҳолатҳои фавқулодда буда


, ҳ


адафи он расондани кӯмак ҳангоми ва баъди фалокатҳои табиӣ ва техногеннӣ, хусусан дар мамолики рӯ ба тараққӣ мебошад. ФОКУС намояндагии худро дар Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва Осиёи Марказию Ҷанубӣ барои расондани ёрӣ ба аҳолии ниёзманд дар ташкили ҷамоатҳои ба фалокатҳо омода ва кам кардани вобастагии онҳо аз кӯмаки хайрия бунёд кардааст ва ба онҳо дар гузариш ба тараққиёти дарозмуддату устувор мусоидат мекунад. Аз соли 1997 ФОКУС


дар То


ҷ


икистон


ба зиёда аз 40 офати табиӣ посух дод ва ба минтақаҳои зарардида ба андозаи зиёда аз 500 000 доллари ИМА кӯмак расонд. ФОКУС яке аз ташкилотҳои марбутаи Шабакаи Оғохон оид ба Рушд мебошад. Дар маркази таваҷҷӯҳи гурӯҳи созмонҳои марбут ба Шабакаи Оғохон оид ба Рушд масоили беҳбудӣ бахшидан ба шароити зиндагӣ ва имкониятҳои аҳолии ҷаҳони рӯ ба тараққӣ сарфи назар аз мазҳаб ва асл мебошад. Дар ин бора аз ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар Тоҷикистон хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.