Дар Русия корфармо барои ғайриқонунӣ ба кор гирифтани муҳоҷири меҳнатии тоҷик ҷарима баста шуд

            Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи қарори додгоҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷем», ки дар шаҳри Толяттии Русия (вилояти Самара) мағозаи гипермаркети «Окей» ба он таллуқ дорад, барои ғайриқонунӣ ба кор гирифтани муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 250 ҳазор рубл ҷарима баста шуд.             Дар сомонаи интернетии додситонии вилояти Самара хабар дода […]

Интерфакс-Поволже



           

Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи қарори додгоҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷем», ки дар шаҳри Толяттии Русия (вилояти Самара) мағозаи гипермаркети «Окей» ба он таллуқ дорад, барои ғайриқонунӣ ба кор гирифтани муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 250 ҳазор рубл ҷарима баста шуд.





           

Дар сомонаи интернетии додситонии вилояти Самара хабар дода мешавад, ки додситонӣ ҳолати ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро дар ширкати «Ҷем» мавриди тафтиш қарор додааст.




           

«Тафтишот ошкор сохт, ки ширкат бидуни доштани иҷозатномаи кор дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ шаҳрванди Тоҷикистонро ба сифати дарбон дар қаламрави мағозаи

 

«Окей» ба кор қабул кардааст ва ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории мавҷуда шаҳрванди хориҷӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи муқарраршуда ба кор қабул карда мешавад», – гуфта мешавад дар хабар.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.