Дар Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддири давлатҳои аъзои СААД барг

Date:




Душанбе.16-уми сентябр – Дирӯз дар шаҳри Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.








Дар маҷлис зикр шуд, ки проблемаҳои вобаста ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба қаламрави мамлакатҳои аъзои СААД торафт тезу тунд мегардад. Роҳҳои интиқоли маводи нашъадор мунтазам таъғир дода мешаванд, қочоқчиён ба қаламрави мамлакати аъзои созмон торафт бештар ворид мегарданд. Дар чунин шароит мамлакатҳои аъзои созмон бояд ҷидду ҷаҳди худро дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон бештар муттаҳид созанд.







Дар маҷлис баъзе масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар СААД муҳокима карда шуд. Директори хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия Виктор Иванов раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти дахлдори мамлакатҳои аъзои созмон интихоб шуд. Айни ҳол ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СААД мебошанд.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...