Дар Минск рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

  Душанбе. 16-уми сентябр – Намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) имрӯз дар Минск лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ – ро баррасӣ менамоянд, ки 14 ноябр дар Кишинёв баргузор мегардад. Алҳол рӯзномаи маҷлис 34 масъаларо дар бар мегирад. Сарони ҳукуматҳои ИДМ аз ҷумла маҷмӯи тадбирҳои муштаракро барои таъмини бештари амнияти […]

АМИТ «Ховар»





 







Душанбе. 16-уми сентябр – Намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) имрӯз дар Минск лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ – ро баррасӣ менамоянд, ки 14 ноябр дар Кишинёв баргузор мегардад.








Алҳол рӯзномаи маҷлис 34 масъаларо дар бар мегирад. Сарони ҳукуматҳои ИДМ аз ҷумла маҷмӯи тадбирҳои муштаракро барои таъмини бештари амнияти озуқа, самтҳои асосии рушди хизматрасонии байналмилалии нақлиёти автомобил, беҳтар сохтани фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавӣ, созишномаро дар бораи принсипҳои асосии сиёсати танзим ва назорати пул, ҳамкориро дар бораи ташкили низоми давлатии иттилоотии шиносномаю раводид, ҳамкориро дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши доруҳои қалбакӣ, лоиҳаи муоҳидаи мақоми қонунии кор ва буду боши коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳоро муҳокима менамоянд.









 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тасдиқи реҷаи нави кори мағозаву қаҳвахона ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.