Дар Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддири давлатҳои аъзои СААД барг

Душанбе.16-уми сентябр – Дирӯз дар шаҳри Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар маҷлис зикр шуд, ки проблемаҳои вобаста ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба қаламрави мамлакатҳои аъзои СААД торафт тезу тунд мегардад. Роҳҳои интиқоли маводи нашъадор […]

АМИТ «Ховар»




Душанбе.16-уми сентябр – Дирӯз дар шаҳри Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.








Дар маҷлис зикр шуд, ки проблемаҳои вобаста ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба қаламрави мамлакатҳои аъзои СААД торафт тезу тунд мегардад. Роҳҳои интиқоли маводи нашъадор мунтазам таъғир дода мешаванд, қочоқчиён ба қаламрави мамлакати аъзои созмон торафт бештар ворид мегарданд. Дар чунин шароит мамлакатҳои аъзои созмон бояд ҷидду ҷаҳди худро дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон бештар муттаҳид созанд.







Дар маҷлис баъзе масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар СААД муҳокима карда шуд. Директори хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия Виктор Иванов раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти дахлдори мамлакатҳои аъзои созмон интихоб шуд. Айни ҳол ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СААД мебошанд.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.