Дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт камтар мешаванд

Date:



           

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт коҳиш ёфтаанд.





           

Аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1 ҳазору 168 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст (соли 2007 – 1 ҳазору 203 ҳодиса), ки бар асори он 1 ҳазору 350 нафар (соли 2007 – 1 ҳазору 397 нафар) ба ҳалокат расиданд. Шумораи ҷабрдидагоне, ки ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, баръакс, аз 293 нафар ба 350 нафар афзудааст.




           

Кормандони раёсат коҳиши ҳодисаҳои садамаи нақлиётро ба баргузории чорабиниҳои муассири фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ, аз қабили амалиётҳои «Кӯдакон», «Автобус» ва ғайра марбут медонанд.




           

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...