Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва «Агроинвестбонк» ба сармоягузории истеҳсоли маҳсулот дар заминҳои обӣ шурӯъ карданд

               Кӯлоб. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Агроинвестбонк» барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обӣ ба 35 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба маблағи 260 ҳазор доллари амрикоӣ қарз додааст.             Роҳбари шӯъбаи асосии «Агроинвестбонк» дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки […]

Турко Дикаев




            





 

Кӯлоб. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Агроинвестбонк» барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обӣ ба 35 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба маблағи 260 ҳазор доллари амрикоӣ қарз додааст.





           

Роҳбари шӯъбаи асосии «Агроинвестбонк» дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки маблағҳои сармоягузорӣ ба ин лоиҳаи таҷрибавӣ аз Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ворид мешаванд. «Моҳияти татбиқи лоиҳа бо номи шартии «Молиягузории агрофирмаҳои Тоҷикистон» (


TAFF


) аз ҳавасмандгардонии кишоварзон ба истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти хушсифат дар заминҳои обӣ ва ҳамасола беҳбуд сохтани самаранокии низоми обёрии заминҳо иборат аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки дар марҳилаи аввал корҳои асосӣ дар ноҳияи Кӯлоб амалӣ гаштаанд, ки дар он ҷо аллакай ба 31 хоҷагии деҳқонӣ қарз дода шудааст.




           

Мавсуф зикр кард, ки дар ноҳияи Восеъ 3 қарз ва дар ноҳияи Фархор 1 қарз дода шуда, ояндаи наздик қарздиҳӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ шурӯъ мешавад. «Дар ноҳияҳои мазкур корҳои тадорукотӣ ва омода сохтани мутахассисон қариб пурра ба анҷом расиданд», – гуфт дар анҷом С.Қадамов.





           







 




 




 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.