Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии СММ дар масоили об гузаронида шавад

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 63-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон перомуни масъалаи об ақидаҳои худро изҳор намуд. Аз ҷумла, ӯ чунин баён дошт: «Нақши муассири об натанҳо барои истеъмол, балки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва рушд маъруф аст. Ҳалли проблемаҳои муҳимтарини […]

root


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 63-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон перомуни масъалаи об ақидаҳои худро изҳор намуд. Аз ҷумла, ӯ чунин баён дошт: «Нақши муассири об натанҳо барои истеъмол, балки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва рушд маъруф аст. Ҳалли проблемаҳои муҳимтарини вобаста ба об, рушди ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи вазифаҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.




Ман аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват менамоям, ки

 

намояндагони воломақоми худро соли 2010 барои иштирок дар анҷумани байналхалқии бахшида ба оби тоза бо мақсади муҳокима ва баррасии муштараки татбиқи «Рӯзномаи байналхалқӣ оид ба проблемаҳои об» ба Душанбе фиристанд.



Дар давоми якчанд соли охир чорабиниҳои зиёди сатҳи гуногун доир карда шуданд, вале шиддати ин мушкилот то ҳанӯз боқист.



Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаву баррасии умумӣ ва ҳалли проблемаҳои об, муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили об гузаронида шавад.



Иҷлосияи мазкур метавонад ҷараёни ҳалли мушкилоти Даҳсолаи обро арзёбӣ карда, масъалаҳои афзалиятноки минбаъдаро муайян намояд». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.