Ширкати ҳиндии «Абхиҷит групп» дар Тоҷикистон барои тиҷорат шарик меҷӯяд

Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо намояндаи ширкати «Абхиҷит групп»-и Ҳиндустон Нитеш Банерҷи масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия_плюс» хабар доданд, ки намояндаи ширкати ҳиндӣ изҳор […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо намояндаи ширкати «Абхиҷит групп»-и Ҳиндустон Нитеш Банерҷи масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия_плюс» хабар доданд, ки намояндаи ширкати ҳиндӣ изҳор доштааст, ки онҳо бо мақсади ҷустуҷӯи шарикон дар кори ба роҳ мондани тиҷорат ва фаъолият дар Тоҷикистон ба ин ҷо омадаанд ва омодаанд, пешниҳодотро оид ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, металлургия, сохтмони роҳҳо, саноати истихроҷи маъдан ва ғайра муҳокима намоянд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар нимаи дуввуми рӯз намояндаи ширкат бо мақомоти роҳбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки «Абхиҷит» групп» яке аз ширкатҳои бузурги Ҳиндустон буда, доираи фаъолияташ бахшҳои гуногунро дар бар мегирад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.