Пас аз ҷашни Иди Фитр президент аз ноҳияҳои водии Рашт боздид хоҳад кард

Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки рӯзҳои 2-3-уми октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт сафар хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ, президент дар давоми ду рӯз бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ аз наздик ошно гардида, бо намояндагони аҳли […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки рӯзҳои 2-3-уми октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт сафар хоҳад кард.




Ба иттилои манбаъ, президент дар давоми ду рӯз бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ аз наздик ошно гардида, бо намояндагони аҳли маориф, дин, кишоварзон, созмонҳои ҷавонон ва занон мулоқот хоҳад орост.



«Дар сафар сарвари давлатро аъзои ҳукумат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва арбобони маъруфи илму ҳунари ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ мекунанд», – гуфт сарчашма.



Зикр гардид, ки президенти кишвар бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ

 

ва корхонаҳо саноатӣ аз наздик шинос гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани якчанд иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ иштирок мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.