Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.
Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа баррасии ҳудуди 20 масоил, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти шӯро дар соли 2008 ва нақшаи корӣ барои соли 2009 дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ атрофи масоили рушди ҳамгиройии низомии кишварҳо, такмили низоми муттаҳидаи нерӯҳои ҳарбии дифоъи зиддиҳавоӣ, таҳкими системаи мутттаҳидаи нерӯҳои низомии ИДМ ва ташкили Спартакиадаи артишҳои кишварҳои ИДМ дар соли 2009 табодули афкор хоҳанд кард.
Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии 55-уми шӯро таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазиоони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ моҳи феврали соли 1992 таъсис дода шудааст.


